Бахшҳо

«Асосан корхонаи сементбарорӣ ва корхонаҳои оҳангудозӣ ҳавои Душанберо ифлос мекунанд»

Зафар Неъматов, сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи шаҳри Душанбе аз ҳолати феълии муҳити зисти пойтахт изҳори нигаронӣ намуда мегӯяд, корхонаҳои оҳангудозии шаҳр ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва меъёру талаботро риоя намекунанд.

Номбурда иброз медорад, зимни ташхиси корхонаҳои оҳангудозӣ ба воситаи лабараторияи сайёр, маълум гардид, ки партовҳо, модаҳои ифлоскунанда, ки ба ҳаво партофта мешаванд дар доираи талабот, стандартҳои пешбинишуда риоя намешаванд: «Асосан корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе ва корхонаҳои оҳангудозӣ ҳавои шаҳрро ифлос мекунанд. Дуди сиёҳе, ки саҳар мебинед, ин аз истифодаи ангиштсанги корхонаҳои оҳангудозӣ мебошад. Чи хеле ки набошад, ангиштсанги мо дар таркибаш  ашёҳои бисёртар дорад, бино бар ин дуди сиёҳ як қабати фазои ҳаворо мегирад. Агар аз ангиштсанги хушсифат ба мисли Қирғизистон ва дигар кишварҳои хориҷа, ки дар таркибашон гаҷ кам аст истифода кунанд, хамин қабати сиёҳ тақрибан дида намешавад».

Ба қавли Зафар Неъматов модаҳое, ки ба мардум бештар зараровар аст, ин хамон оҳанпораҳое мебошанд, ки таркиби онҳо модаҳои заҳролуд доранд ва бояд ҳамин ифлосиҳоро дар оташ насӯзананду ба партовҳо интиқол диҳанд. Аммо риояи чунин талабот имрӯз дар корхонаҳои арматурбарории шаҳри Душанбн дида намешавад: «Гузашта аз ин модаҳои химиявие, ки ҳамин модаҳои заҳролудкунандаро тоза мекунад дар чойҳои махсус бояд пок карда шавад ва баъдан онҳо гудохта шаванд, то безарар гарданд. Бубинед, худи резинро агар гирем дар таркибаш аз хама элементи вазнин, яъне  оксиди ванадӣ  ҳосил мешавад. Вақти ихроҷкунӣ ин яке аз элементҳои (металҳои) вазнин аст, ки метавонад ба саломатии мардум зарари ҷиддӣ расонад ва ба бемориҳои саратон мубтало кунад».

Сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд назорати чунин корхонаҳое, ки муҳити зистро ифлос менамянд бевоситба бар дӯши онҳо гузошта шудааст, вале наметавонанд ҳамаи корхонаҳои дар Душанбе бударо назорат намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ӯ пешниҳод мекунад, ки пеш аз ҳама имрӯз бояд дар пойтахт шумораи корхонаҳо кам ва сифати кори онҳоро беҳтар карда шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)