Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 22 июн 2017, 23:34

Эътироз бо талаби раҳоии мухолифи ҳукумат

4 октябр 2012, 11:41

Имрӯз дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон мардум таҷамӯъ карда, аз мақомот хостанд, се вакили мардумии мухолифи ҳукуматро фавран раҳо созад.

Қамчибек Тошиев, роҳбари ҳизби «Ота-Ҷурт» ҳамроҳ бо Садир Ҷапаров ва Талант Мамитов рӯзи гузашта боздошт шуданд. Онҳо дар талош барои ғасби ҳукумат муттаҳам мешаванд. Рӯзи чоршанбе 1000 нафар эътирозгар  аз ҳукумат талаб карданд, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Қирғизистон миллӣ гардонида шавад. Тошиев ба эътироз пайваста, аз гирдомадагон даъват кард, ҳукуматро барканор кунанд. Пулис бо истифода аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва сагҳо эътирозро пароканда кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!