Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Яманро тарк карданд

14 июн 2011, 08:38

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман муваққатан ба сар мебурданд ба ватан бозмегарданд.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ доданд,

бино ба ташаннуҷи вазъи сиёсӣ ва нооромиҳои ахир дар ҷумҳурии Яман ва тибқи муроҷиати сафорати чумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ниҳодҳои расмии кишвари иқомат, 13-уми июни соли равон бо ду ҳавопаймои махсуси вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 54 шаҳрванди  Тоҷикистон ба Маскав оварда шуданд.Дар ҳавопаймои якум 44 шаҳрванд, ки бештари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳад  ва дар ҳавопаймои дигар 10 нафар тоҷикистониён ба Маскав омаданд.Дар фурудгоҳи «Домодедово»  онҳоро кормандони сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия     пешвоз гирифтанд. Сипас, гурӯҳе аз онҳо тавассути ҳавопаймо ба сӯи Тоҷикистон роҳ пеш гирифта, бархеи дигар, дар ҳоли ҳозир ба хотири наздикону пайвандони худ дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд. Гуфта мешавад, бар асари даргириҳои ахир дар ҷумҳурии Яман ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!