Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Баҳриддин Камолидинов: Тарҷумаи филмҳо бо забони тоҷикӣ костагӣ дорад

5 октябр 2012, 05:46

Профессор Баҳриддин Камолидинов мегӯяд, ҳарчанд аз қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ» зиёда аз 20 сол мегузарад, вале ҳанӯз дар баъзе соҳаҳо иҷрои қонуни мазкур суст ба назар мерасад.

Номбурда дар сӯҳбат ба Озодагон иброз дошт, ки дар соҳаи санъат, аз ҷумла дар тарҷумаи филмҳо бо забони тоҷикӣ камбудиҳо вуҷуд дорад. Баҳриддин Қамолиддинов мегӯяд, тарҷумаҳое, ки майли шеваҳои гуногун доранд, костагии забони тоҷикиро ба миён меорад: «Ҳарчанд хусусияти мазҳакавӣ дошта бошад ҳам чӣ лозим ба шева баргардонидани баъзе филмҳо?».

Баҳриддин Камолидинов таъкид намуд, ба мушоҳидаи ӯ дар филмҳое, ки ҳунармандони пуртаҷриба садо медиҳанд, сифати тарҷума беҳтар аст: «Баъзе гурӯҳҳои эҷодӣ бо ташаббуси худ ба тарҷумаи филмҳо машғуланд ва аз шеваҳои гуногун истифода мекунанд, ки ба фикрам ояндаи хуб надорад. Албатта филмҳо бояд на ба забони адабии душворфаҳми китобӣ, балки бо забони зинда, бо забони гуфтугӯии зиндаи мардум баргардонида шаванд».

Маврид ба тазаккур аст, соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта ин сана 22-юми июл таҷлил мегардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!