Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Омӯзгорони донишгоҳи тиббӣ мегӯянд, онҳоро ғайриқонунӣ аз хобгоҳ пеш карданиянд

5 октябр 2012, 09:47

Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ), ки дар хобгоҳи рақами 3-и донишгоҳ ба сар мебаранд, мегӯянд, роҳбарияти ин муассисаи олӣ ба онҳо то рӯзи душанбе (08.10.12) мӯҳлат додааст, то ҷойи зисташонро тарк намоянд.

«Роҳбарити донишгоҳ 20 моддаи Сарқонун (Конститутсия)-и Тоҷикистонро вайрон карда истодаанд, аз ҷумла ҳуқуқу озодии шахсан худи маро поймол мекунад. Ман 20 сол собиқаи корӣ дорам ва барои меҳнатам дилам месӯзад. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ду сол бе маош дар донишгоҳ кор кардам, вақте донишгоҳ оташ гирифт шабу рӯз хоб набудем, аммо имрӯз қарор бароварданд, ки шумо бояд ин ҷоро холӣ кунед»,-мегӯяд Абдусамад Раҳимов, муаллими калони кафедраи тибби судӣ.

Подполковник Хайрулло Норов, муаллими калони кафедраи тибби ҳарбии ДДТТ, ки 16 сол собиқаи корӣ дорад, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Шахсан барои ман бисёр аламовар аст, наход ман ҷанговари интернатсионалист шуда, дар ватани худам зиндагӣ карда натавонам. Аз донишгоҳ омада ба мо гуфтанд, ки мӯҳлати зиндагӣ кардани шумо дар ин хона тамом шудааст, баромада равед. Намедонем, ки барои чӣ ин корро мекунанд. Бар зами ин роҳбарияти донишгоҳ қарор баровардааст, ки дар сурати то рӯзи душанбе холӣ накардани хонаҳо ҳам аз хобгоҳ ва ҳам аз донишгоҳ пеш карда мешавед. Ман ҳамсару фарзандонамро гирифта ба деҳаи Мурутаки ноҳияи Ҳисор бурдам, танҳо худам ва писари калониям, ки донишгоҳ мехонад дар ҳаминҷо мондем. Алакай 3 рӯз мешавад, ки мо дар роҳем, ҳайрон мондаем бо ин маоше, ки мегирем чӣ гуна иҷора меёбем? Ба куҷое, ки рафтем аз 200 доллар кам иҷора пайдо накардем. Ман 500 сомонӣ ҳам маош намегирам, бо кадом пул иҷора мешинам? Сардори кафедра ба ман гуфт, ба ту 3 рӯз мӯҳлат рафта квартира ёб».  

Муаллимони донишгоҳ, ки дар хобгоҳ бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд алакай баъзе муаллимон аз тарси он ки аз корашон маҳрум нашаванд, куч бастанд. Онҳо мегӯянд, муйсафеди 72 сола- Олим Ҷӯраев, ки дар донишгоҳ дарс мегуфт, аз хобгоҳ пеш карда шуд. Манзили ӯро ба як афғон доданд.

Тафсилоти бештар дар фурсати наздик нашр мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!