Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ ба «Равшан» автобус ҳадя мекунад

Рустами Эмомалӣ, сарпарасти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ба тими футболи «Равшан»-и Кӯлоб як автобус тақдим кунад.

Гуфта мешавад, ин иқдоми Рустами Эмомалӣ ба он хотир аст, ки тими «Равшан» мухлисон ва ҳаводорони зиёд дорад. Дар чанд моҳи ахир дастаи «Равшан» бо доштани мухлисони зиёдаш бештар дар сархати расонаҳои хабарӣ ҷой гирифта, алъон ин даста яке аз пешсафони сабқати имсола аст.Маврид ба тазаккур аст, ки соати 17:00-и имрӯз ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Кӯлоб дидори навбатии дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» баргузор мешавад. Интизор меравад ин бозиро зиёда аз 20 000 мухлис тамошо кунанд. Хабарнигори минтақавии «Озодагон» мегӯяд, аллакай 5 нақлиёти мусофиркаши тамғаи «ГАЗел» аз ноҳияи Шӯрообод мухлисонро ба Кӯлоб овардааст. Ҳамчунин, барои тамошои ин бозӣ аз  ноҳияҳои Ховалингу Мӯъминобод,  Фархору Ҳамадонӣ ва Данғараву Восеъ низ хоҳанд омад. Қисми зиёди милисаҳои вилояти Хатлон барои таъмини амният ба шаҳри Кулоб  сафарбар шудаанд. 100 корманди ҳифзи ҳуқуқи дигар аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ ҳоло дар шаҳри Кӯлобанд. Тибқи иттилои расида барои бозигарони ҳар ду даста мардуми Кӯлоб тӯҳфаҳо омода кардаанд, ки иборат аз ҷомаву тоқӣ ва дигар дастдӯзиҳост. Ин тӯҳфаҳо қарор аст қабл аз оғози бозӣ ба бозингарон тақдим шаванд.Ҳамчунин, ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои Рустами Эмомалӣ, ки айни замон дар Кӯлоб қарор дошта интизор меравад дар бозӣ бевосита ширкат намояд, ҷомаю тоқии хотиравӣ тақдим мекунад. Як зани кӯлобӣ ҳам тоқие дӯхтааст, ки дар шерозаи он Рустами Эмомалӣ наққошӣ шудааст.Ёдрас менамоем, бозии нахустини ин ду даста дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 бар нафъи «Истиқлол» поён ёфта буд.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)