Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Авфи Байналмилал ба Раҳмон: Барои аз байн бурдани шиканҷаи боздоштшудаҳо тадбир андешед

6 октябр 2012, 03:52

Созмони Авфи Байналмилал  аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои кишвар тадбир биандешад.

Изҳороти созмон рӯзи 5-уми октябр, дар рӯзи таввалуди Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар баёния омадааст, ки мехоҳад дар ин рӯз сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон ёдрас кунад, ки баъзе аз онҳо то 30 солагӣ нарасидаанд ва баъзеи дигар бо муҳокимаҳои ноодилона ба зиндон андохта шудаанд.

Авфи Байналмилал мегӯяд, иттилои мӯътамаде дорад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон даҳҳо нафарро азияту шиканҷа кардаанд. Бино ба ин изҳорот маъмурони амниятӣ аз ҷумла барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, боздоштшудаҳоро ба нерӯи барқ мемонанд, лату кӯб ва ё ҳатто таҷовузи ҷинсӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!