Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

Ҳавои шаҳри Душанбе ҳамчунон гарм боқӣ мемонад

6 октябр 2012, 04:01

Аз 6-ум то 9-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ асосан ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 15 то 20 дараҷа гарм, дар водиҳо бошад, аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҷамила Байдулаева, сардори маркази обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба Озодагон гуфт, ки
дар ин давра дамои ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон то 28 дараҷа гармӣ хоҳад расид. Шабона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад.

«Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона то 2 дараҷа сард мешавад. Дар баландкӯҳҳои вилоят шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд»,-афзуд манбаъ.

Ба қавли хонуми Байдуллоева дар шаҳри Душанбе дар давоми ин рӯзҳо ҳаво асасан камабри бебориш буда, шабона ҳарорат аз 4 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 24 то 28 дараҷа гарм мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!