Торнамои ФФТ навиштааст, вақти асосии бозӣ мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 80-уми дидор ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 90 Фаррух Чориев, бозигари «Регар-ТадАЗ» Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқол»-ро дар ҷаримагоҳ тела дод. Равшан Ишматов, довари майдон ба дарвозаи «Регар-Тад-АЗ» зарбаи ёздаҳметра таъин кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи «Истиқлол» ҳисобро баробар намуд.
Ду даври 15 дақиқаӣ натавонист ҳисобро тағйир диҳад. Аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони «Регар- ТадАЗ» бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуданд.
Азизбек Раҷабов, муовини раиси ФФТ ба ғолибон Ҷом ва сертификат ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ супурд. Инчунин бозигарону мураббиён ва роҳбарони дастаи ғолиб бо медалҳои тило мукофотонида шуданд. Фирдавс Файзуллоев, дабири Кулли ФФТ ба дастаи «Истиқлол» барои ҷои дувум медалҳои нуқра ва сертификат ҷоизапулӣ ба мабағи 20 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Ёдовар мешавем, соли гузашта низ тими «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуда буд. Голи ягонаро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонид.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |