Қаҳрамон Раҳмонови 31 сола, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт бо гумони қаллобӣ боздошт гардид.
Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуотии ВКД хабар дод, ки дастгиршуда 2-юми июли соли равон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Хосият Давлатоваи 52 сола, сокини кӯчаи Гипроземи пойтахт даромада, барои тиҷорат аз ӯ 71 000 доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Мӯҳр