Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъоварии ҳосили ангур ширкат кард

8 октябр 2012, 04:00

Рӯзи гузаштаи 7-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз боғу токзор ва заминҳои полезии лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор дидан намуда, дар ҷамъоварии ҳосили боғпарварон бевосита иштирок намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, бо супориши президент баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи давлатӣ барои солҳои 2007-2010 қабул шуда буд ва тибқи он дар зарфи 4 сол бояд дар майдони 5.680 га боғу токзори нав бунёд ёфта, наздики 2700 га боғу токзори кӯҳна барқарор карда мешуд. Нишондодҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки ин барномаи чорсола дар се сол барзиёд иҷро шуд.Аз ин хотир моҳи августи соли 2009 бо фармони райисҷумҳур нақшаи нави боғу токпарварӣ қабул карда шуд, ки тибқи он дар солҳои 2010-2014 бояд дар майдони 50 ҳазор га боғу токзори нав бунёд карда шавад.

Хадамоти матбуотии райисҷумҳур бо такя ба далелҳои расмӣ менависад, ки дар солҳои 2010-у 2011 ва 8 моҳи соли 2012 дар майдони зиёда аз 36.600 га боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5.040 га аз нақшаи иҷрои фармони мазкур дар ин муддат зиёд буда, баробар ба 115,8% он мебошад: «Танҳо дар ин боғу токзори лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор, зиёда аз 5 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор, маош, ҳамчунин бо мева    таъмин мегарданд.Инчунин, ҳоло аз ин боғу токзор ҳамарӯза даҳҳо тонна ангур, себу нок ва тарбузу харбузаи лалмӣ ба бозори дохилӣ ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон ба фурӯш бароварда мешавад».




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!