Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Томски Русия бо намоишномаи нав ба Душанбе омад.
Тавре Кенҷа Иброҳимов, директори театри «Лӯхтак»-и Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, театри давлатии «Лухтак»-и Томск бо дастовези тоза таҳти унвони «Афсонаҳои сибирӣ» ба Душанбе сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад. Намоишномаи мазкур шурӯъ аз имрӯз то 15-уми октябр дар театри лӯхтаки Душанбе пешкаши хурдсолон гардонида мешавад. Ҳамчунин, дар раванди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Русия мутахасисони рус дар театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дарсҳои тахасусӣ меомӯзанд.
Номбурда афзуд, ин театр дар якумин ҷашнвораи байналмилалии «Намоишҳои арусакӣ», ки соли 2007 дар театри «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида буд ширкат дошт.
Мӯҳр