Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад. Муваққатан

8 октябр 2012, 05:04

Маҳмадсаи Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он аз 10-уми октябр аз соати 23-00 то соати 23-00-и 11-уми октябр дар баъзе ноҳияҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ин қарор бинобар сабаби таъмири истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» қабул шудааст.
Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи Бухоро), М.Турсунзода, Шероз, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М. Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон, биноҳои баландошёнаи хиёбони Рӯдакӣ аз 164 то 186, ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Помир ва Баҳорӣ, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77, ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2, Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаи Дарвоз, шаҳракҳои 41,42,43,44,45,46, кӯчаи Қаҳҳоров ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Инчунин, раиси шаҳр аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардаааст, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!