Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз мегардад. Ба пешвози президент

8 октябр 2012, 09:36

Дар ин бора Рустам Раҳматов, райиси ноҳияи Айнӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, рӯзҳои наздик боздиди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Айнӣ дар назар аст ва аз ин рӯ дар масири Айнӣ-Панҷакент чунин тасмим аз сар гирифта мешавад: «Дар ҷараёни сафари президент на танҳо масъалаи роҳи миёни Айнӣ ва Панҷакент, балки таъмири дигар роҳҳо низ дар назар дошта шудааст. Ҳоло фасли сармо дар пеш аст ва барои нигоҳдории роҳҳо техникаву таҷҳизот омода аст».

Маврид ба ёдоварист, чанде пеш масъулини Бонки Осиёии Рушд иброз намуда буданд, ки ба Тоҷикистон барои таъмири роҳҳои мошингард 100 миллион доллар медиҳанд, ки ин маблағ барои таъмири 113 километр роҳи миёни Айнӣ ва Панҷакент  масраф хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!