Бахшҳо

Шаш санади ҳамкории Тоҷикистону Русия. Аз баҳси пойгоҳ то муҳоҷират

Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми октябри соли равон президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, зимни ин боздид ва ҷаласаи ниҳоии раҳбарони ду кишвар зери шаш созишномаи ҳамкорӣ имзо гузоштанд. Аввалин созишномаи ин ду кишвар дароз намудани мӯҳлати буду боши  пойгоҳи низомии 201маҳсуб гардида, Русия бар ивази ба мӯҳлати 30 сол тамдид шудани он, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва лавозимоти муосири низомӣ таъмин намуда, кӯмакҳои дигари ҳарбию техникӣ мерасонад ва омӯзиши кадрҳои низомии тоҷикро дар муассисаҳои таълимии худ васеъ ба роҳ мемонад. Мувофиқи тасмимоти ду ҷониб бояд қудрати дифоии Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Дар асоси созишномаи дигар, Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия ба Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки техникӣ 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо менамояд.

Ҳамчунин, бар тибқи тавофуқоти дар соҳаи энергетика ҳосилшуда, ҷониби Русия ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1 миллион тонна маводи сӯзишворӣ, ки баробар ба эҳтиёҷоти дохилии солонаи кишвари мо мебошад, бе боҷи гумрукии содиротӣ ироа менамояд. Ба ҷуз ин, Русия дар Тоҷикистон бояд як зумра нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, аз ҷумла дар болои рӯдҳои дохилии Зарафшон, Фондарё ва Хингоб бунёд намояд.

Тасмими   дигар доир ба навсозии иқтидори саноатии Тоҷикистон гирифта шуд, ки тибқи он барои эҳёи корхонаҳои мавҷуда ва бунёди иншооти нави саноатӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 20 соли оянда аз ҷониби Русия 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Тибқи санади дар бахши муҳоҷират имзошуда бошад, мӯҳлати аз қайд гузаштани муҳоҷирони корӣ баъди воридшавӣ ба ҳудуди Русия бояд аз 3 рӯзи ҳозира ба 15 рӯз ва мӯҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Русия аз 1 соли феълӣ ба 3 сол иваз карда шавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)