Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Шиния Ямаҳака ва Ҷон Гардон аввалин ҷоизадорони Нобел-2012

8 октябр 2012, 11:55

Шиния Ямаҳака аз Ҷопон ва Ҷон Гардон аз Бритониё ҷоизаи Нобел дар бахши тиббу физиологияро соҳиб шуданд.

Горан Ҳанссон, узви Кумитаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм эълон кард: «Анҷумани Нобел имрӯз қарор кард, ки Ҷоизаи Нобели соли 2012 дар бахши физиология ва тибро муштаракан ба Ҷон Гардон ва Шиния Ямаҳака барои ин кашфиёт, ҳуҷайраҳои баркамолро метавон бо барномасозии муҷаддад плюрипотент сохт,  бидиҳад».

Кумитаи Нобел мегӯяд, ин кашфиёт инқилоберо дар фаҳмиши роҳҳои рушди ҳуҷайраву мавҷудот ба бор овард.

Эъломи барандаи ҷоизаи тибб ба ҳафтаи эъломи ғолибони Ҷоизаи Нобел оғоз гузошт. То 15-уми октябр бояд барандагони ҳамаи 6 ҷоизаи имсола эълон шаванд. Ин ҷоизаро, ки маблағаш имсол ба далели буҳрони молӣ то 1,2 миллион доллар кам шуд, олими маъруфи швед, кашшофи динамит Алфред Нобел таъсис дода, он бори аввал соли 1901 эъто шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо 10-уми декабр, рӯзи фавти Нобел дар соли 1896 доир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!