Кишоварзони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз сарраёсти кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, деҳқонони конибодомӣ ба хирмани «Пахта-2012» ҳудуди 14 ҳазору 156 тонна пунба супорида, иҷрои нақшаро беш а3 101 фойиз иҷро намуданд. Онҳо ба замми нақша зиёда аз 156 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, ки аз аввали мавсим то имрӯз пахтакорони вилоят 89 ҳазору 337 тонна ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда, нақшаи иҷрои онро ба 79,41 % таъмин намуданд, соли гузашта дар ҳамин рӯз пахтакорони видлоят 91 ҳазору 842 тонна пунба ҷамъ оварда буданд, ки 87,47 % -и нақшаи солонаро ташкил медод.
Маврид ба ёдоварист, то имрӯз 2 ноҳияи вилоят: Спитамен ва Конибом нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуданд, дар навбат ноҳияи Ашт бо 95,34 %, ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 82,64 % меистанд.
Мӯҳр