Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Сониҳаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар боиси марги 5 нафар гардид

9 октябр 2012, 05:17

Дар ин бора ба Озодагон аз РБДА-и ВКД иттилоъ доданд.

Тибқи иттилоъ, рӯзи 7-уми октябр,ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз-5320», Холдор Худойбердиеви 22-сола аснои ҳаракат дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ  аз уҳдаи идораи он набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Дэу-Ланос», ки таҳти идораи Искандар Мусофирови 67 сола ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, сарнишини сабукрав ва мусофирони он Ҳаким Назарови 46-сола, Чакиной Дониёроваи 51- сола, Зиёратшо Ғаниеви 27 ва ноболиғ Мадина Файзоваи 4-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар касалхона ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Мастура Файзоваи 28-сола бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз 30-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 34 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 17 нафар ҳалок шуда, 47 тани дигар захм бардоштаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!