Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:17

Бознависии "Қиссаҳои ширини эронӣ". Дар 50 ҷилд

9 октябр 2012, 05:21

Ҳусейни Фаттоҳӣ, як нависандаи эронӣ аз бознависии маҷмуаи 30 ҷилдии матнҳои куҳани эронӣ дар ояндаи наздик хабар дод.

Вай дар мусоҳиба бо хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки қасд дорем дар ин тарҳ бо бозофаринии соддаю равон кӯдакону навҷавононро бо осори классик ва мондагори адабиёти форсӣ ошно кунем.Бинобарин саъй шуда, касоне интихоб шаванд, ки бо забон, фазо ва зеҳни кӯдак ошноӣ дошта бошанд, то баргардоне,ки аз осор сурат мегирад,мутаносиб бо забони кӯдакони имрӯз бошад.

Ба гуфтаи ин нависанда, то кунун 10 маҷмӯаи фохири адабиёти форсӣ шомили "Бӯстон"-и Саъдӣ, "Маснавии маънавӣ", "Қобуснома", "Марзбоннома", "Калила ва Димна", "Ҳазору як шаб", " Ҳафт авранг"  ... бознависӣ шуда ва омодаи чоп мебошанд. Қарор аст, дар ояндаи наздик  "Баҳористон"-и Ҷомӣ,"Таърихи Байҳақӣ", "Гаршоспнома", "Илоҳинома", "Мантиқ- ут- тайр", "Мусибатнома"...бо ҳамкории беҳтарин нависандагону пажӯҳишгарон бознависӣ шаванд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!