Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Изҳори нигаронии «донорони хун» дар шаҳри Душанбе

14 июн 2011, 10:44

Бахшида ба рӯзи байналмилаллии донорони хун дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ сурат пазируфт. Аз субҳи барвақт дар маркази ҷумҳуриявии илмии хун ашхоси зиёде ҷамъ омада, таҳти шиори «хуни беподош» хун месупориданд.

Муҳаббат Искандарова, мудири шӯъбаи идораи хуни ин пажӯҳишгоҳ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин чорабинӣ ҳанӯз аввали моҳи равон шурӯъ гардида, ҳар шаҳрванди солими аз 18 то 65-сола дар он ширкат карда метавонад, яъне афроде, ки солиманду аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, донор маҳсуб мегарданд.
Бону Искандарова афзуд, онҳое, ки камхунанд ва нафароне, ки вазнашон аз 50 кг камтар аст, ҳамчунин ҳомиладорон ва онҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, донор шуда наметавонанд. Ду хунсупоранда, ки аз гуфтани номашон худдорӣ карданд, ба хабарнигори «Озодагон» гуфтанд, «мо ҳамшираи шафқатем, ба ин ҷо бо розигии худамон наомадаем, фикри донор буданро ҳам надоштем. Аммо то ин муддат, ки хун насупорида будем, моро маҷбуран ба ин ҷо оварданд».
Зимнан, як гурӯҳ донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ низ шикваомез аз мутасаддиёни чорабинӣ суол мекарданд, ки «барои чӣ ва ба кадом хотир мо бояд хун супорем, моро иҷборан ба ин ҷо оварда хун мегиранд, чаро?»


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!