Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:44

Футбол: «Регар-ТадАз» дар ҷои аввал, «Истиқлол» дар зинаи чорум

9 октябр 2012, 06:14

Ду бозии аввали даври 19-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Сабқат миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров мусовии 2:2 анҷом ёфт.

 

Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Истаравшан»-и Истаравшан низ бозиро мусовӣ анҷом доданд, ҳисоб дар ин мусобиқа 1:1 буд.Чор бозии дигари даври 19-ум имрӯз, 9-уми октябр баргузор мешавад. Ин навбат дастаҳои «Гвардия»-«Энергетик», «Регар-ТадАз»-«Зарафшон», ССКА «Помир»-«Истиқлол» ва «Хуҷанд»-«Ҳосилот» бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Феълан, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки 16 бозӣ кардааст, бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб, ки аз 17 бозӣ 41 хол ба даст овардааст, бо назардошти таносуби тӯбҳо мақоми дуюмро касб кардааст. «Хайр»-и Ваҳдат 17 бозӣ карда, бо 33 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. «Истиқлол»-и Душанбе бошад, 13 бозӣ анҷом дода, бо 29 имтиёз дар зинаи чорум қарор дорад.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!