Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент мушоҳида мешавад.
Дар як соли охир дар кишвар нархи семент 21-фоиз афзоиш ёфтааст. Тавре ба Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттило доданд, нархи як кило семент дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 9-уми октябр, 90 дирам арзиш дошт. Ҳоло бошад, дар дӯконҳои сементфурушии бозорҳои кишвар як кило семент 1 сомонию 10 дирам ба фӯруш гузошта шудааст: «Агар моҳи июни соли ҷорӣ як килогарамм семент 1 сомониву 20 дирам нарх дошт, ҳоло он дар бозорҳои кишвар бо 1 сомонию 10 дирам фурӯхта мешавад».
Тибқи иттилои Агентии омор нархи семент аз аввали сол, яъне аз моҳи январ то ба имрӯз 8,1 фоиз боло рафта бошад ҳам, сабабҳои баланд шудани нарх аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ шарҳ дода нашудааст. Лекин фурӯшандагони ин маҳсулоти сохтмонӣ сабаби болорави нархи сементро дар фаъолияти номуназзами корхонаи «Тоҷиксемент» медонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло 1 корхонаи бузург ва 8 корхонаи хурди сементбарорӣ фаъолият дошта, сохтмони чандтои дигар дар назар мебошад.
Мӯҳр