Шоҳрух Холови 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ бо гумони даст доштанаш дар куштори одам боздошт гардид.
Тибқи иттилои ВКД, номбурда шаби 7-ум ба 8-уми октябри соли равон ба манзили истиқоматии аппааш Ҳуринисо Холова, сокини кӯчаи Крупская омада, бе ягон асос шавҳари аппааш- Абдуқодир Нурови 44-соларо бо корд якчанд маротиба мезанад.Дар натиҷа, Абдуқодир Нуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр