Рӯзи 7-уми октябр баробар бо ёздаҳумин солрӯзи ҳамлаи Амрико ба мавозеи толибон дар Афғонистон аст.
Дар ҳафтуми октябри 2001 ҳавопаймои амрикоӣ дар маъмурияте ба истилоҳ амалиёти дарозмуддати озодӣ, барои нахустин бор мавозеи толибонро дар Афғонистон бамборон карданд.Ин амалиёт дар паи муттаҳам шудани шабакаи Ал-қоида ба раҳбарии Усома Бин Лодан дар ҳаводиси 11 сентябр ва ҳушдори Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба толибон дар бораи ихроҷи аъзои шабакаи Ал-қоида аз Афғонистон ва худдории толибон аз ин дархост, оғоз шуд.
Ҳадафи аслии ин ҷанг ба истилоҳ мубориза ва аз байн бурдани шабакаи Ал-қоида, толибон ва ҳомиёни он буд, аммо бо гузашти 11 сол аз он замон , то кунун Амрико ва муттаҳидони он натавонистанд, терроризмро дар Афғонистон ва минтақа решакан кунанд.
Телевизиони "Лемар"-и Афғонистон гузориш дод, ки бар асоси оморҳои мавҷуд, ҷанги Афғонистон барои Амрико 500 миллиард доллар ҳазина дошта аст. Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ҷанги Афғонистон, 3300 низомии хориҷиро низ ба коми марг кашонда аст. Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки Амрико аз ҳадафи аввалияи ҷанги худ дур шуда ва барномаи хурӯҷи неруҳои худ ва ҳампаймононро аз Афғонистон, эълон карда аст.
Қарор аст ин низомиён то соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд, аммо гуруҳи толибон, ки яке аз аҳдофи ин низомиён буд, ҳамчунон побарҷост.
Сиёсатмадорони амрикоӣ, ки аз шикасти толибон нотавон шудаанд, ба музокира бо ин гуруҳ руй оварданд, аммо то кунун руйкарди музокира низ муваффақияте дар пай надошта аст.
Мӯҳр