Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:10

Девонаев дар Бишкек масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ менамояд

9 октябр 2012, 10:17

Фардо, 10-уми октябр Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон озими Қирғизистон мешавад.

Абдуллоҳи Қодирӣ, сӯхангуи ин ниҳод ба Озодагон гуфт, ҳадаф аз ин сафар иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои сиёсати муҳоҷират дар назди Кумитаи интегратсиони ЕврАзЭС мебошад. Дар назар аст ин ҳамоиш, рӯзҳои 10 то 12- уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Қирғизистон идома кунад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст масоили вазъи муҳоҷирати кишварҳо ИДМ, раванди татбиқи қарори  Шӯрои сарони ҳукуматҳо, шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷиратии кишварҳои   ИДМ  дар соҳаи муҳоҷират, раванди татбиқи қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАЭС  баррасӣ хоҳад шуд.

Манбаъ афзуд, зимни ин ҷаласа  масъалаи татбиқи барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират низ матраҳ мегардад.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!