Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Беш аз 340 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд

10 октябр 2012, 07:24

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он 5 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Муҳаммадшариф Шамсов, корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки садамаи нақлиётие, ки дар шаҳри Турсунзода рух дод, боиси марги 2 нафар ва ҷароҳати 4 нафар гардид: «Ронандаи автомашинаи «Opel astra» таҳти идораи Ҷумахон Изатов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Турсунзода- Душанбе километри 47-ум ба самти муқобили роҳ баромада ба автомошинаи тамғаи «Deo-Tico»  бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Deo-Tico» ва мусофири дохили ин автомошина  Бобораҳим Ашуров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 3 нафар мусофири ҳамин автомошина ва 1 нафар мусофири «Opel astra» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд».

 

Садамаи нақлётие, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғди ба вуқӯъ пайваст дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расид ва 6 нафари дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи тамғаи «Opel astra» Қаҳор Исломов  ҳангоми ҳаракат аз самти Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд дар километри 267-уми роҳи Душанбе-Чаноқ аз ӯҳдаи идораи автомошина набаромада, ба автомошинаи «Leksus»  бар мехурад ва«Leksus» ба автомошинаи тамғаи «Kombo» , бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи   «Leksus»  Пулод Ёқубов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад: «Мусофири дохили автомошина Азим Алиев инчунин ронандаи автомошинаи тамғаи «Opel astra» бо мусофиронаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Бояд зикр намуд аз аввали соли равон  то ба имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 ҳазору 41 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 344 нафар ба ҳалокат расид ва 1 ҳазору 168 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!