Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Мавзуна Чориева: «Моҳи ноябр ба шавҳар мебароям»

10 октябр 2012, 07:55

Дар ин бора ӯ имрӯз, аснои ширкат дар «Рӯзи байналмиллаилии духтарон» иброз дошт.

Ин маҳфил, ки дар «Маркази фарҳангии исмоилиён»-и пойтахт ҷараён дошт, барои аввалин бор дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Муштзани номдори тоҷик ҳамчунин афзуд, ки барои ман падару модар, хусуру хушдоману оила ва баъд варзиш муқаддасанд. Чориева гуфт: « Чор сол қабл аз ин бо Амон ном ҷавони варозишгар фотиҳа шуда будам, қарор аст, ки моҳи ноябри имсол тӯи хонадоршавии мо баргузор гардад».

 

Ба қавли ӯ, номзадаш розӣ аст, ки Мавзуна дар варзиш боқӣ монад ва машқу тамринашро идомабидиҳад.

-Аммо ин ки пас аз фарзанддор шуданам ба майдон мебароям, ё не, хоҳиши худи ман аст,-афзуд Мавзуна Чориева.

Ёдрас менамоем, Мавзуна Чориева ягона варзишгари тоҷикистонӣ аст, ки имсол дар мусобиқоти олимпии Лондон-2012 бо нишони биринҷӣ ба ватан баргашт. Муштзани тоҷик дар як мусоҳибаи ахири телевизионӣ ба мухлисонаш иброз дошт, ки то медали тилло нагирам, ба шавҳар намебароям.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!