Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:36

Хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад

10 октябр 2012, 11:25

Бар асари садамаи нақлиётӣ, ки шоми рӯзи гузашта дар хиёбони марказии Душанбе ба вуқӯъ пайваст, Искандари Фирӯз, журналисти тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз РБДА иттилоъ доданд, сабукрави тамғаи «Тойота Камрӣ»-и таҳти идораи Ҷавоншери Фирӯз (писари Искандар) бо мошини «Ландкрузер», таҳти идораи Аёмиддин Раҳмиддинови 22-сола бархӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол шоҳидони ҳодиса мегӯянд, автомашинаи «Ландкрузер» дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии «Боғи ҳайвонот» самти ҳаракаташро дигар карда, ба тарафи муқобил баромада, ба «Тойота Камрӣ» бархӯрдааст. Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии  Бӣ-Бӣ-Сӣ дар натиҷаи ин зарба ҷароҳат бардошта, ҳар ду пояш аз се ҷо шикастааст, ҷигараш кафида, сараш низ зарб хӯрдааст.Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!