Бахшҳо

Мусодираи 85 кило ҳашиш. Дар ҷануби Тоҷикистон

Дар пайи як амалиёти кормандони АНМН чунин миқдор маводи мухаддира кашфу мусодира гардид.

Тавре Бобоҷон Шафиев, масъули дафтари матбуотии Агентии назорат аз болои маводи нашъаовар ба Озодагон иттилоъ дод, дар қаламрави ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон баъди пайгирии чандрӯза ба гумони қочоқи маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-астра», ки аз ҷониби шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон идора мешуд, боздошт ва мавриди тафтиш қарор гирифт.

Аснои  азназаргузаронии мошин аз он 122 бастаи дар шакли китоб пресскардашуда, ки ҳар кадом дорои маводи қаҳваранг бо бӯи махсус буданд, берун оварда шуд.

Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашда ҳашиш буда, вазни умумии он 85 килоро ташкил медиҳад. Ҳар бастаи селофанӣ дорои мӯҳр ва бо хати арабӣ аломатгузорӣ шудааст, ки нишондиҳандаи сифати баланди нашъа мебошад.

Тафтишоти аввалия нишон дод, ки ин миқдор мавод аз Афғонистон бо истифода аз роҳҳои пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда шуда буд ва қочоқчиён қасд доштанд, дар наздиктарин фурсат онро ба кишварҳои ИДМ интиқол диҳанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) КҶ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)