Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 17:03

Тоҷикон дар Русия ҳадафи тир қарор гирифтанд

14 июн 2011, 11:33

Ду ҳамватани мо дар Русия ҳадафи тир қарор гирифтанд.Тибқи иттилои хабаргузории «REGNUM» шоми дирӯз дар соҳили дарёи Окаи шаҳри Калуга, як шаҳрванди Русия дар ҳолати мастӣ ба ҷониби тоҷикони машғули оббозӣ тирпарронӣ кардааст.

Ин сомона ҳамчунин афзудааст, ду ҷароҳатбардошта аз захми тири силоҳи шикорӣ ба касалхона интиқол ёфта, ҳамакнун таҳти табобати пизишкон қарор доранд. Маълум шудааст, ки захмиён муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон будаанд.
Дар ҳамин ҳол, муҷрими боздоштшуда гуфтааст, «шиноварии ин ду ҷавон дар соҳили дарё ба ман маъқул нашуд ва ба онҳо  фармон додам, ки аз об берун шаванд, аммо онҳо итоат накарданд. Маҷбур шудам, ки ба сӯяшон тир холӣ кунам».
Феълан дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, РКД-и шаҳри Калугаи Русия тафтишот мебарад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!