Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:20

Даъват-2012: Мурғоб аллакай нақшаро иҷро кард. Дар ҷумҳурӣ 35 фоиз

11 октябр 2012, 07:08

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қи ба он аслан ҷавонони сину соли аз 18 то 27 сола ҷалб карда мешаванд, аллакай 10 рӯз сипарӣ гардид.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа ба Озодагон иттилоъ дод, ки ин маърака  дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар муташакилона ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад: «Бо гузашти 10 рӯз аллакай ноҳияи Мурғоби ВМКБ аввалин шуда аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон гузориш дод. Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии Бадахшон- 55%, вилояти Суғд -36,5%, вилояти Хатлон -37,5%, ноҳияҳои тобеъи марказ- 29% ва дар чор навоҳии пойтахт ба 26 дарсад расидааст.Дар маҷмӯъ, аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 35%-ро дар бар мегирад».

Манбаъ афзуд, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр, яъне тайи ду моҳ идома мекунад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!