Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Баррасии қаблии парвандаи “Ампаро” дар шимоли кишвар

11 октябр 2012, 06:38

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии пешакии парвандаи ташкилоти ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро” баргузор гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳалии Озодагон, баррасии ин қазия дар утоқи кории муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафаралӣ Қурбонов, ки ин мурофиаро раисӣ мекунад, сурат пазируфт.Бояд гуфт, оқои Қурбонов танҳо намояндагони ҷонибҳоро қабул намуд.

Намояндаи ташкилоти «Ампаро» Хуршеда Раҳимова мегӯяд, судя ба ҷонибҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонда дода, сипас ба онҳо то 19-уми октябр мӯҳлат дод, то ки онҳо далелҳои нав пешниҳод намоянд, гувоҳҳои навро оваранд, агар дошта бошад, ё метавонанд дар ин мӯҳлат бо созиш оянд.

Ёдрас менамоем, 29-уми июни соли 2012  раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард. Эътирози раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар раёсати адлия, кушодани сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!