Бахшҳо

Парвандаи Ҳоҷиқурбон Талбонов ба додгоҳ рафт

Шӯъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъаовар парвандаи ҷиноӣ нисбати гумонбар ба тиҷорати маводи мухаддир Талбонов Ҳоҷиқурбонро ба анҷом расонд ва барои баррасӣ ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуд.

Бобоҷон Шафиев, масъули матбуотии ин ниҳод зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, Талбонов охири моҳи август ба гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъадор ва хариду фурӯши он боздошт шуда буд. Дар натиҷаи роҳандозии як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва бар пояи маълумоти дарёфтшуда аз хонае воқеъ дар кӯчаи Ҳисори пойтахт аз дохили плитаи газ халтаи пур аз ғилофакҳои худсохт пайдо ва мусодира шуд, ки лабораторияи ташхиси судии Агентӣ 772,3 грамм ҳероин будани маводро тасдиқ кард. Маводҳо андаруни 102 ғилофаки барои фурӯш омодашуда ҷо баҷо карда шуда буданд.

Тафтишот нишон дод, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро бо қасди фурӯш моҳи майи ҳамин сол аз шахси барои тафтишот ношинос бо номи “Алик” ба ивази 4 ҳазор доллари ИМА харида будааст. Додугирифти онҳо нисфирӯзӣ дар паси бинои баландошёнаи «Маҷмаъаи рӯзномаву маҷаллаҳо» баргузор шуд.

Гуфтанист, Талбонов маводро ҳатто ба хонааш набурд ва муддате онро дар зери девори бетонии истгоҳи шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт воқеъ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт ва наздикии мактаби таҳсилоти ҳамагонии №39 пинҳон кард. Танҳо 15 август маводро аз он пинҳонгоҳ берун овард ва ба ханае, ки донишҷӯёни ҳамдеҳааш муваққатан истиқомат мекарданд, интиқол дод. Ҳангоме, ки донишҷӯён дар хона набуданд, онро дар дохили плитаи газ пинҳон сохт ва дар ҷустуҷӯи харидор ва ё воситаи интиқоли он афтод. Вале ҳанӯз ба мақсад норасида, аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)