Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:38

Хилватшоҳи Маҳмуд: Волоияти ҳуқуқ дар Тоҷикистон зери суол аст

26 сентябр 2012, 02:17

Ҳамакнун чор рӯз боз (аз 24-уми сентябри соли 2012) дар шаҳри Варшава нишасти солонаи САҲА идома дорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ин ҳамойиш намояндагони беш аз 56 давлати қораи дунё ширкат ва суханронӣ доранд. Журналистони тоҷик ва масъулини созмонҳои шаҳрвандии кишвари мо ҳам бо кӯмаки молии бархе аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ (Бунёди мадад) дар ин нишаст ҳузур ёфтанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев), сардабири хабаргузории Озодагон аз ҷумлаи иштирокдорони он нишаст аст, ки имрӯз дар мавзӯъи «Волоияти ҳуқуқ: 100 рӯзи озодии Тоҷнет дар Тоҷикистон» суханронӣ кард. Мавсуф аз «сайтбандӣ» ва маҳдуду масдуд гаштани дастрасӣ ба бархе аз пойгоҳҳои интернетӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда афзуд: «Ин амали ҳукумати Тоҷикистон, ки бе қарори марбута ва ҳукми додгоҳ дастрасиро ба расонаҳои электрониву шабакаҳо масдуд менамояд, Тоҷикистонро ҳамчун «душмани интернет» дар дунё муаррифӣ менамояд. Вақт аст, ки ин амалро додгоҳҳо ва созмонҳои ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқӣ инсон баҳои қонунӣ бидиҳад».

Ҳамзамон, дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава мавзӯи шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта шуд, ки қатли маҳбус Ҳамза Икромзода, сару садоҳоро дар дохили кишвар ва берун аз он ба бор овардааст. 
Масъулони созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар нишасти Варшава зимни ироаи гузориши марбут ба вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон иддао карданд, ки мавориди шиканҷа ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар вуҷуд дорад ва барои амалӣ кардани он, аз таҷҳизоти махсуси шиканҷадиҳанда, ки «Роғун» ва «Сангтӯда» ном бурда мешавад, истифода мегардад.Аммо масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон бо он, ки вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад.Генерал Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ ба расонаҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки вазъи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна беҳтар аст ва ба таъкиди вай ин нуктаро ҳатто Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон низ баён кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!