Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

Боздошти «тиллодуздон» дар Душанбе

12 октябр 2012, 04:04

Шаби 9-уми октябр соати 20 : 30 дақиқа, ду нафар пеши роҳи Ҳурматой Шарифова, як сокини шаҳри Душанберо гирифта, бо дастаи табар ба ӯ зарба зада, аз гарданаш  занҷири тилоияшро мегиранд.

Дар ин бора аз дафтари матбуотии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, Ҳурматой Шарифова аз ин қазия  ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат мекунад.

Гуфтанист, аллакай дар робита ба ин ҳодиса, Муҳаммадиев Ҳикматулло ва Абдуҳалим Муҳаммадиев ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд. Арзиши занҷираи тиллоӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!