Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Намояндаҳои Тоҷикистон интихоботи Украинаро мушоҳида менамоянд

12 октябр 2012, 07:16

Интихоботи парлумонӣ дар Украина наздик аст.

Бино ба иттилои расида, ин маъракаи муҳими сиёсӣ рӯзи 28-уми октябр сурат мепазирад.Зимнан, Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроия, ҳамзамон котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Украина ду нафар аз кормандони масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба ин кишвар даъват кардааст. Ҷамшед Ҷамшедов, узви КМИР ва Хуршед Раҳматов мутахассиси ин ниҳод дар ҳайати нозирони ИДМ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Украина- Радаи Олиро мушоҳида хоҳанд кард.

Ҳамзамон, дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ иттилоъ медиҳад, ки Абдуҷалол Салимов, узви Кумитаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ҳамчун нозир дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Украина ширкат меварзад.

Маврид ба ёдоварист, Радаи Олии Украина, парлумони он кишвар мақоми олии қонунгузорӣ аст. Он аз як палата иборат буда, 450 вакил ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!