Вазорати маорифи Тоҷикистон дар садади таъсиси шабакаи телевизион ва радио аст.
Нуриддин Саидов, вазири маориф зимни суханронӣ дар ҷаласае бахшида ба 80 солагии нашрияи «Омӯзгор», ки ҳоло идома дорад, гуфт: «Феълан, тарҳи ин шабакаҳо ва бархе корҳои техникии он анҷом ёфта, пас аз гирифтани иҷозаи расмии фаъолият онро роҳандозӣ хоҳем кард».
Дар ҳамоиш намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, собиқадорони соҳаи маорифу фарҳанг, журналистон, кормандони сохторҳои гуногуни кишвар ва ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Омӯзгор» ширкат доранд. Нуриддин Саидов дар идомаи сӯҳбатҳояш афзуд, ки нашрияи «Омӯзгор» ҳоло бо теъдоди 30 ҳазор нусха ба дасти чоп мерасад, аммо онҳо талош хоҳанд кард, моҳҳои наздик ин рақамро ба 50 ҳазор расонанд.
Маврид ба ёдоварист, «Омӯзгор» аввалин маротиба соли 1932 бо номи «Барои маорифи комунистӣ» мунташир гардид. Баъдан, ин ҷарида таҳти унвонҳои «Маориф ва маданият» ва «Газетаи муаллимон» чоп шуд, ҳоло таҳти унвони «Омӯзгор» ба дасти хонанда мерасад.
Мӯҳр