Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Низоъ пас аз бозии футбол дар Кӯлоб

14 июн 2011, 15:27

Бозии байни дастаҳои футболи «Равшан»- и Кӯлоб ва «Истиқлол» -и Душанбе бо пирӯзии меҳмонон, вале бо натиҷаи ҳузнангез ба анҷом расид.

Дар дақиқаҳои ахири бозӣ футболбозони душанбегӣ ба дарвозаи «Равшан» тӯб ворид карданд. Ҳисоби бозӣ то охир бетағйир боқӣ монд.Аммо пас аз анҷоми бозӣ баъзе аз мухлисон ба сӯи бозингарон ва милисаҳо сангу шишаҳои пластикӣ андохтанд. Кормандони ОМОН ҷониби мухлисон пакети газӣ партофтанд. Аммо бархе хабаргузориҳо гуфтаанд, ки кормандони милиса замоне ба ин иқдом даст заданд, ки мухлисони норозӣ сӯи Рустами Эмомалӣ ҳаракат мекарданд.Гуфта мешавад сабабгори хашми мухлисон он шудааст, ки доварон голи дар ҳолати нобозӣ задаи «Истиқлол» -ро дуруст ҳисобидааст.Бо ҳамин ҳоло маълум нест, ки дар ҷараёни ин низоъ чанд нафар захмӣ шудаанд, аммо хабарнигори минтақавии «Озодагон» дар Кӯлоб мегӯяд ӯ шоҳид буд, ки чанд нафар захмӣ шудаанд. Эҳтимол меравад, ки дар байни захмишудагон кормандони милиса низ бошанд.Ин мусобиқа дар замоне анҷоми нохуш дошт, ки дар ибтидо хеле хушбинкунанда ба назар мерасид. Аз ҷумла пеш аз оғози бозӣ Рустами Эмомалӣ суханронӣ кард ва аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо тӯҳфаҳо низ қадрдонӣ шуд. Мухлисони «Равшан» низ ба бозингарони «Истиқлол» тӯҳфаҳо ҳадя карданд.Феълан вазъи шаҳри Кӯлоб ором арзёбӣ мегардад, бо ин вуҷуд  аз аҳолӣ дархост шудааст, ки аз хонаҳояшон берун нашаванд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!