Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Президент то 1-уми марти соли 2013 мӯҳлат дод

13 октябр 2012, 04:51

Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён шинос шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, ӯ аввал ба бинои навбунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар як паҳлӯи иншооти маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти таҷҳиз ва ороиши берунию дохилии  бино,    ки аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошанд, ба масъулини соҳа доир ба мутобиқ намудани онҳо бо талаботи техникию технологӣ ва ҷобаҷогузории дурусти маводи намоишӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки барои ин кори муҳим беҳтарин олимону мутахассисон ва омӯзгорону донишҷӯёни таъриху фарҳангшинос сафарбар карда шаванд.

Қайд гардид, ки осорхона аз толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ иборат буда, ҳама бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.Барои ба таври шоиста ба поён расондани тамоми корҳои таҷҳизу ороиш, ҷобаҷогузории дурусти осори намоишӣ ва ба кор ҷалб намудани беҳтарин мутахассисони соҳа ба масъулин то 1 марти соли 2013 муҳлат дода шуд.

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи 5-ситорадори «Ҳаят-реҷенсӣ» ва кӯли Ҷавонон дар ҳоли сохтмону таҷҳиз қарор дорад, ташриф оварда, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Гуфтанист,  бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва се ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландии гумбази марказии он ба 38 метр мерасад.Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷон хизмат расонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!