Коргардони маъруфи театр ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷаи он ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар як сӯхбати телефонӣ, ки хабарнигори Озодагон бо оқои Абдураззоқов дошт, худи ҷабрдида изҳор дошт, ки рӯзи 8-уми октябр ҳангоми убури кӯча автомашинаи тамғаи «Мерседес» ӯро пахш кардааст: «Ронанда ҷавонписари тақрибан 22-25 сола буд, ки бо аҳли оилаашон ба туй мерафтаанд. Дар ҳамон ҳолат худамро хуб хис мекардам, аммо баъди чанд соат аҳволам бад шудан гирифт. Дар вақти ба вуқӯъ пайвастани садама як паҳлӯям ба оинаи пеши мошин сахт бархӯрда, аз зарби он оинаи он шикаста буд».
Барзу Абдураззоқов илова кард, ки алъон зери муроқибати табибон ҳастам, сарам лат хӯрда, як чашмам осеб дидааст: «Аммо ман ба ҷавони ронанда гузашт кардам, ӯро бахшидам ва умедворам, ки сиҳат мешавам».
Мӯҳр