Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Таҳдид бо «таппонча» боиси боздошти ҷавонон гардид. Дар Суғд

13 октябр 2012, 06:29

Дар шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ наврасонро бо ҷурми авбошӣ дастгир карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, кормандони милиса шаҳрвандон: Сиёвуш Саидқулови 21-сола, сокини шаҳри Душанбе ва ноболиғон-Раҷабалӣ Доҳиеви 17-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, Абдурасул Ғаффорови 17-сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон рӯзи 9-уми октябри соли равон дар назди нуқтаи сӯзишвории маҳаллаи 34-уми Хуҷанд бо ноболиғон Исмоил Сатторови 16-сола, хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти умумии №28 ва Фирдавс Ҷумаеви 15-сола, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии №28, сокинони шаҳри Хуҷанд, бо баҳонаи харидорӣ намудани телефонҳои мобилиашон вохӯрдаанд: «Баъдан Сиёвуш Саидқулов аз таппончаи пластмассӣ ҳамчун яроқ истифода бурда, Исмоил Сатторов ва Абдурасул Ғаффоровро лату кӯб намуда, аз онҳо 200 сомонӣ, як гарданбанди нуқрагин ва 11 адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа»-ро гирифта, ба онҳо ба маблағи 2160 сомонӣ зарари моддӣ расониданд».

Айни ҳол дар қӣболи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!