Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Бераҳмӣ

13 октябр 2012, 07:20

Воқеан, чаро тоҷик дар нисбати тоҷик бетараҳҳуму бешафқат гардида? Чаро тоифаи фаровоне ҳаммиллатони хешро бо кинаву бадхоҳӣ ва сангдилии ошкоро ё таҳти лату зарби ҳамчунон бераҳмона қарор медиҳанд, ё бо истифода аз яроқи хунрез дар мавқее дур аз одамият ва ҷавонмардӣ ба қатл мерасонанд? Чаро дар ин муҳити хавфбарангез тоҷик аз тоҷик ҳаросе дар дил дорад? Чаро нигоҳи зан ё бонуву душизае дар ҷодаву хиёбон бас тарсзову ҳаракоти соҳиби ин чашмон эҳтиётнамову омехта ба як ғаму андӯҳи ниҳонист? Ба як сухан, инсонҳо чанд гоҳи охир эҳсоси кафолати амниятро аслан ба ҷид ба мушоҳида намегиранд. Чаро қасду кинтузӣ ва бадсиголиву бадманишӣ дар рӯзгори на чандон ҳамвор ва пур аз изтиробҳо, ки ба думболи мушкилоту сангиниҳои айём ба зуҳур омадааст, ин қадр амиқ ва ба гунаи ҷонкоҳ нуфуз кардаву ҷойгоҳи аъзаме ба худ дарёфт намудааст?! Чаро ҳамияту хештандорӣ ва инсонгароиву гуманизм вақтҳои охир дорад, кам-кам рӯ ба коҳиш овардаву ҷойи он хисоли некуро тухмаи бадгавҳарӣ фаро бигрифта? Чаро мо як миллати дар бархурд бо воқеоту падидаҳои нангин (чун бераҳмӣ, беинсофӣ, маҳалгароӣ, бефарҳангиву бадахлоқӣ ва монанд ба ин ҳама) бепарвову бетафовут гардидаем?! Меҳру навозиш ва муҳаббату маваддати тоҷиконаи моро чӣ шуда?!

…Хотироти талх, ҳузнангез ва дар айни ҳол дилзанандаву шодоб аз танаффурва ғазабро дар тафаккури хештан барои абад маҳфуз доштаам. Як замон, тақрибан 8-10 сол қабл аз ин воқеае рӯй дод, ки намунаи олии бераҳмӣ ва орӣ аз эҳсоси отифаву порсоӣ будани се-чаҳор хона аз мо поёнтар зиндагӣ ба сар мебурдаро бармалоям сохт.

Миёнаумр буд он мард ва мегуфтанд, ки қаблан дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат (Кофарниҳони пешин) чун назоратгари низомӣ ифои вазифа мекард. Ба бешафқатӣ ном баровардаву ҳич тараҳҳуме дар зиндониён надошта. Инак саги бузургҷуссаву бадҳайбати сиёҳранги ӯ аз занҷир раҳо ёфта, чолоку ҷалд метозад ва аз дарвозаи калони оҳании мард ба берун мебарояд. Қариби нисфирӯзӣ будаву як тӯда духтаракони мактабхон аз роҳ мегузаштанд, сӯи дабистон шитоб доштанд. Саги ҳамранги соҳибаш ғазаболуд яке худро дар озодии комил ва истиқлоли табъ дарёфта, ҷониби он духтаракон ғуру фиш кардаву дандон гиз намуда, медавад. Ва он бечораҳолони ваҳмзада монои селаи мурғони рамида ба ҳар тараф фирор мекунанду парешон мешаванд. Ва аммо бо ин ҳама гурез, он саги бадгавҳар оқибат ба нафаре аз духтаракон наздик шудаву дандони ханҷурсурат бар пои ӯ мезанад. Чанд мавзее аз гушти пои духтаракро канда бар даҳон гирифта, пас-он ба доду шевани ӯ тоб наоварда канор меравад.

Духтарак ба ғоят тарсида, бар пои хуншор, ки кунун гӯӣ дар рӯи пораҳои намак монда бошад, сахт месӯхту ҷони касро ба лаб меовард, ба ҳасрат менигарист, фиғон мекашиду навҳа. Мухтасари сухан ин аст, ки модари духтарак ба расми додхоҳӣ хонаи он мард меояд ва оташи ғазабу алами хештанро сари марду занаш мерезад. Мард, ки табиатан кинагиру зудранҷ ҳам буд, пасу пеш хеле дар саҳни ҳавлии хеш қадам мезанаду қадам мезанад, баъд…

Баъд сагро аз занҷир бикшода, берун мебарорад ва ба зан мегӯяд, ки "ҳамин ҳоло ҷазои ин албастиро хоҳам дод". Ва мардум ба сурати тамошогар дар як чашм задан даври марду сагаш ҷамъ омаданд. Мард сагро бо таноби чандирӣ аз пойҳову дастҳо бар дарахти тановари сафедори лаби ҷӯйбор бубаст. Пас ба ҳавлияш андар шуд ва аз он ҷо каланди паҳни ялақосие бар китф берун баромад. Мо бо ҳайрати ошкоро ба ӯву чашмони ҳаросбарангези сагаш менигаристем. Мард ба саг наздик шуд ва "лаънатӣ, ман ба ту чӣ бадани роҳату кайфияти газидани фарзандони мардумро нишон медиҳам. Мана ба ту, бигир, бигир"-гӯён каландро аз сар болотар бардоштаву бо ҳамон шасту нерӯ аз ҳаво поён фароварда, ба сари саг зад. Садои баланде ҳам набаровард саг ва танҳо нолиши хафифу ҳазине аз зеҳи дандонҳояш аранге ба берун рехт. Аммо шарори ғазаби мард пас нагардидаву фурӯ нанишаста буд, ки дигарбора каландро аз сар боло бардоштаву дар шаст ҳаворо бурида, поён боз ҳам ба сари саги бахтбаргашта фаровард. Нолиши саг пасттар гардида, фукаш гӯё бар қаъри замин даромада мерафт, ки ба замин часпидаву хуни даҳону биниаш бо хок омехтаву махлут гардид. Сари саги соате қабл бадҷаҳлу бовиқор ва ғурурманд шикаставу хурд гашта, чашмонаш кафида буданд, тарҳу суроби хирае дар умқи он дидагони нимбоз чун нақши азаливу қадимӣ нуҳуфта монданд. Вале мард… мард ҳамоно тафсидаву арақшор гардида, мебардошт каландрову мукаррар мекубид бар бадани саг, бар пойҳояш боз такрор-такрор ба сарашу рӯяш, баданаш, пойҳояш…

Хуни саг рӯи хок мерехту мерехт. Пайкари тиҳиҷони саг ба як пора матои обшустаи паридаранге монанд гардида.

Мард банд аз пову дастони саг кушода, варо рӯи роҳ партофта, каланд дар даст даромад рафт бар хонааш. Офтоб бо нурҳои сӯзони хеш тани сагро гӯё навозиш мекард.

Ин манзара барои минбаъд амиқан дар ошёни хотиротам ҷо бигрифт ва симои он мардро, ки ба сангдилии хоса варо аз дигарон дар фосилаҳое нигоҳ медошт, абадан дар дафтари хаёлам нақш карда.

Ман чаро  аз ин воқеаи айёми возӣ ва рӯзгорони дур ёд меовараму баданам такон мехӯрад?

Чаро?

Дирӯз буд, ки сӯи деҳе аз деҳоти наздишаҳрӣ ба боздиду мулоқоти пайвандон савори "тангеме" равон будам. Як қисмате аз қитъаи роҳро напаймуда будем, ки дар байни он, ки дар паҳлӯяш аз ҷониби дасти чап бинои мактаби чандқабатаи муосир ҷо бигрифта буд ва аз рост талу теппае, ки атрофаш симхор гирифтаанд, ба чашм мерасид, рӯ ба рӯи ҳамдигар тақрибан 4-5 мошини сабукрави ҷадид қарор бигрифта ва дар назди ҳамон теппа чанд нафароне, ки ба як нигоҳ на кам аз 7-8 нафар буданд, байни ҳам бо як шеваю оҳанги ваҳшиёна ва дур аз сурати одамӣ ва бонгу ниҳеб ва доду фиғони лотасвир задухӯрд ва муштзанӣ доштанд. Ду-се тан бо калтаки резинӣ ва чӯбдасте ба сари ҳарифони хеш чи бешафқатона ва дарандаҳайат мекӯбиданд. Дар нигоҳи чашмони эшон ҳазорон тасвири хашини гургсиратона мунъакис гардида.

Чеҳраву сурати онон аслан тағйир хӯрдаву қиёфаташонро ба парандаҳои худбовар, ва лек захмӣ монанд карда буд. Як тан ҷавонмарди хароби қаддароз, ки нигоҳашу андарзгӯияш аз фарзонаву хирадварз буданаш мегуфт, ҷонибҳоро аз гиребонгириву занозанӣ раҳо кардан мехост. Нафарони ғазаболуду ваҳшатзада, ки чеҳраҳошон арғувонӣ метобид, даме ба қафо майл мекарданд, нафасе ором мегирифтанд, вале кадоме аз ҳарифон сухане нохуш мегуфт, ки боз ин нафарон бо чашмони тоси хун дандонҳоро шараққос занонда, сӯи ҷониби дигар ҳамлавар мешуданд. Ғояте пас даргирӣ ба авҷи иртифоъ расид, аз сари чанд нафар хун заҳида, ба бари рухсораҳошон ҷуя кашид.  Касеро рӯи замин хобонданд, ибтидо бо калтакҳои резиниву чӯбдаст баъд бо лагад бар шикаму поёнтари нофаш зарбаҳои коргар фароварданд.  Нафаре бо чашмони варамидаву кабудфоле аз канори роҳ санг бардошта, ҷониби дастаи "рақиб" давид, вале ин лаҳза боз ҳамон нафари қаддароз аз дасташ дошта, сангро ба сӯи ҳаво до два нагузошт, ки сари дигаре шикаста гардад…

Ва тайи ҳамаи ин муддат як нафар милиса ва ё ҳадди ақал нозири роҳро касе бо ду чашми сар надид. Одамон мегузаштанд аз роҳ беист ва баҳузуру бафурҷа, гӯё тамошои ройгон лаззату ҷаззобияти шавқфизое бахшида бошандашон, чашм аз ҳамдигарситезии он ду гурӯҳ одамон намеканданд.

- Ба ин одамон аҳамият надиҳед,- фаҳмонд ронанда, марди аёлманди рустоӣ инҳо бо ҳам хешу авлоданд. Доим байнашон ҷанг асту ҷанҷол. Савдои беҳуда…

- Хайр, фаҳмо, ки чӣ мушкиле доранд инҳо, аммо ҷанг ва як чунин бераҳмӣ барои чӣ?- мепурсам дар омади гап ман ва хаёлам дака хӯрда, парешон мешавад.

- Одамон вақтҳои охир хислатҳои ҳайвониро ба худ гирифтаанд, -идома медиҳад ба суханаш ронанда. Ана дар деҳаи мо ҳафтае қабл як марди миёнаумр занашро, ки ба ростӣ фариштасурат буд, ба зарби лагад зада кушт. Бовар мекунед? Маст гӯем, маст набуда. Девона гӯем тамоман дурӯғ мешавад. Сабабаш ҳамин, ки духтараш хондан меравам гуфтааст. ӯ иҷозат надодааст. Охир духтар ҳуҷҷат месупораду падар аз куҷре дарак меёбад ва сари ҷаҳл "ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ", гуфта занашро таги шатта мегирад. Дар бемористон ҳамсараш. Ҳамин хел…

Авзоям ошуфта, сарам сих мезанад. Хаёлам ба ҷавони 15-сола, ки аз деҳаи Роҳатӣ буду Хушнуд ном дошт, меравад. Ин ҳамон ҷавонаке , ки шаҳр тамошо омадаву мавриди лату куби як тӯда  авбошони дарандасурат қарор мегирад, мебошад. дар рӯзи равшан, дар як боғи фароғатӣ, садҳо одамон сайру гашт мекарданд, як ҷавони нозанинро ду-се нафар баҳоимҳайбати гургтинат мезанаду ба марг наздик меоранд, касе  парвою таваҷҷӯҳе намекунад. Аз милиса сухан дар миён намеандозем, чуни нон ҳеч гоҳ дар айни ҷанҷолу ғавғо ҳозир нестанд, ва ё бошанд ҳам, филфавр куҷое ғайб мезананд. Аммо ба атрофиён чӣ шуда? Ба мо тоҷикони  соҳибназару бедордил ва вологуҳар чӣ фалокат расида? Ҳамдиливу ҳамдардии мо куҷо шуда? Магар мо аз як решаву табор нарӯидаем?! Ин чӣ муаммоест, ки дар ҷомеа сарриштаи ҳаллу кушоиши он ёфт нагардида?! Як нафар марди хушлибосу хушкалом, бо ҳукми тасодуф ҳамсӯҳбатам гардид. Чашмони саршор аз меҳр ва лутфу назокат дошт. содабунёду дарёдил менамуд.

Ҳинни гуфтугӯ ба мушоҳида мегирифтам, ки шарори андӯҳе дар қаъри дидагонаш нохоста яке рӯ мезанаду сипас фурӯ менишинад. Аз вазъи зиндагияш пурсон шудам оҳии сарде аз ҷигар кашиду гуфт:

- Оре, дарде дар қафаси синаам лангар задааст. Ман аз марг не, аз инсонҳо хафамандам, хоса аз масъулону ҳомиёни қонуну тартибот. Медонед, ҳафтае қабл ба сари хонадони бародарам фоҷеа омад. Хонаи бародарам дар деҳест, ки воқеъ андар сарҳади дарёи Варзоб аст. Ана ҳамон ҳафта ҳамсари вай ба талаби духтарчаи хурдсолаш ба берун мебарояд. Мебинад, ки духтарчааш дар лаби дарёст ва хавфи ба об афтидану ғарқ гардиданаш аёнӣ ба чашм мерасад. Ҷонибаш метозад, ки… ба сарвақташ расида наметавонад. Ба об меафтад духтарча ва маълум, ки амвоҷи тезу шӯху шанги Варзоб ӯро дар соат дар кафи худ озодона мегираду мебарад. Зан модар аст, охир, саркану покан худро ба об ҳаво медиҳад, то аз чанголи аҷал дилбанди худро раҳо созад. Аммо… Ман дар чашмони мард қатраҳои ашки талху сӯзонро баръало мебинам.

Дилам таҳ мекашад. Ҷигарам як лахт кабоб…

Аммо,-овозаш гирифта меафзояд мард, 10-12 нафар милиса, ки вазифаашон назорат ва дар ҳолатҳои ғайримунтазир ва фавқулода наҷоту раҳоии ҷабрдидагон маҳсуб меёбад, бетафовуту лоқайд ба ин ҳол бингариста, аз ҷояшон наҷумбиданд, чи расад худро ба об ҳаво додану  наҷот додани зану духтарчааш. Дар ҳамин ҳол, иттифоқо, марде, ки ба тасодуф аз он ҷо гузар мекард, бе ҳеч фикру андеша худро ба дарё зад ва шинокунон ба думболи духтарчаву модараш бишитобид. Вақт мегузашт, замон, лаҳазот ва ҳаёти воқеӣ ту гӯи ях баставу аз ҳаракот монда буд. Ҳама ангушти ҳайрат дар даҳон бурда, интизор бар оқибати ҳаводис менигаристанд ба дарёву паҳнои он.  Охиру оқибат сару дастҳои марди мастчоҳӣ аз оғӯши мавҷҳо намоён гардид, ки ҳамроҳ бо худ пайкари духтарчаро кашол-кашолкунон ба соҳил бароварданӣ мешуд. Бирасид бар соҳил ва духтарчаро бар замин ниҳод. Аммо аз модар суроғу нишоне на. Қисса мухтасар, ҷасади занро аз таҳи пул дарёфтанд, рӯҳ аз пайкараш кайҳо парвоз кардаву бо чашмони бозу нигоҳаш карахт сӯйи осмонҳо менигарист. Духтарча зинда монду модар варо ятим гузошт. Ба ҳар сурат, шукр, шукри тақдир, ки аз инҳо якеаш зинда монд.

Ҳам акнун ту бар ман бигӯ: ҳамон 10-12 нафар аз дастаи наҷотбахши мақомоти масъули интизомӣ магар дил доштанд? Раҳм, адолат, инсоф барояшон қадри сари мӯе аҳмияте дошт? Ҳол он ки наҷот ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ҷабрдидаҳо рисолати касбиву ҷониашон ҳисоб меёбад охир! Чӣ гӯям, чӣ даво пеш орам, ба киву ба кадом ниҳод арз бибарам? Ана ин аст бетараҳумӣ дар заминаи бемасъулиятӣ! Вой бар мо, вой…

Ва мард шадидан эътироз дошт, мегуфт ҳақро ба ҳақдор хоҳад расонд.

Ман алъон меандешаму сар ба ҷайби тафаккур фурӯ мекашам, ки магар бо қонуну назорат ва ҷазо бераҳмиро аз сиришту тинати инсонҳо мешавад қатъан берун кард? Мешавад? Кӣ медонад? Зиёда аз ду ҳафта аст, ки марги пурсару садои ҷавони 27 солаи ҳисорӣ бо исми Ҳамза Икромзода як ҷумҳуриро ба ҷумбишу такон оварда. Вақеаи маълуми нангин, ки реша бар пасттинатӣ ва бадсиголиву ҳайвонтабиатии бархе аз инсонҳо (ҳайф, ҳайф ) ва боз ҳам бетараҳҳумии онон дорад. Масъулини як зиндон ҷавонеро зулму ситам ва бедоди гушношунид кардаанд, ки қалам аз тасвири он азобҳои додаи бешарафон сахт дармондаву оҷизӣ мекашад.

Ин ҳамоқату разолат ба хотири кадом аҳдоф  анҷом дода шуда? Пул,маблағ?? Наход?

Баҳри ситондану ба каф овардани пул ин ҳама кинахоҳиву ваҳшоният?? Ононе, ки даст дар ин қатли бераҳмонатарин доранд, оё фарзанди кадом як Зан-модаранд? Оё фарзанд доранд? Оё нон аз хони бародари мусулмони худ хӯрдаанд?Оё аз аҳодису гуфтаҳои "Қуръон" баҳрае бурдаанд?

Оё инон пас аз анҷоми як чунин "амалиёти нангин" ва барои таърих набахшиданӣ пораноне ба даҳон бурда тавонистанд?Дареғ!!! Ҳолиё мақомот тафтишот мебарад ва Худо кунад, ки адолатро бар ҷойгоҳи арзандаи хеш бишонад, Худо кунад…

Аммо… ман ҳамоно дар муроқибатам, ҳамоно аз паёмадҳои фоҷиаангез дар ин ҷомеа нигаронам. Инсонҳоро тарбият бояд дод! Инсонҳоро ба дараҷаву манзалати қадрдониву арҷгузорӣ бар Ҳазрати Инсон боястӣ расонд! "Ҳарчанд, ки оби равон бе хасу хошок нест, одамӣ аз айбу гунаҳ пок нест", инсонҳоро ба ҳамият ва некӯандешӣ ҳидоят бояд кард. Ҷомеаро аз вартаи бетараҳҳумӣ ва қасду кинситезии одамакҳо раҳо бояд кард. Аммо на ҳамеша аз тариқи қонун ва ҷазо.

Қонун ва ҷазо ба ҳукми як афсонаи ширину дурӯғин моро фиреб медиҳад.

Фиреб, фи-ре-е-е-б!!!

Ҷомеаро, вақт аст бо ҷумла одамонаш "табобат" кард, вақт аст. мешунавед??!

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!