Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Сафири Ҳиндустон дар корхонаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

15 июн 2011, 03:26

Аситх Кумар Бахатта Чарджи, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз корхонаи ҶШСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа дидан кард.

Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноати кишвар, ҷаноби сафир ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни корхонаҳои ватанӣ ва соҳибкорони Ҳиндустон, ҳамчунин ҷалби сармояи ин кишвар ба соҳаи саноати сабук аз ин корхона боздид намудааст.Аснои шиносоӣ бо истеҳсолоти корхона сафири Ҳиндустон ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самти коркарди нахи пахта мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки бо мутахассисони соҳаи коркарди  пахта ва сармоягузорони Ҳиндустон барои ташкил намудани корхонаҳои муштарак, ворид намудани таҷҳизотҳо мулоқот карда, аз онҳо  барои ба Тоҷикистон омадан даъват кардааст. Аситх Кумар Бахатта Чарджиро зимни ин сафараш масъулини вазорати энергетика ва саноат, инчунин намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон ҳамроҳӣ кардаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!