Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

«Дейли мел»: Эҳдои ҷоизаи сулҳи Нобел ба Аврупо тавҳин ба демократия аст

15 октябр 2012, 07:15

Рӯзномаи «Дейли Мел»-и Англия бо нашри мақолае шадидан аз эҳдои ҷоизаи Нобел ба Иттиҳодияи Аврупо интиқод кардааст.

«Дейли мел» ин иқдомро тавҳин ба демократия хонда аст. Ин нашрияи англисзабон ҳамчунин навиштааст, ки: «Як бори дигар, ҳафтае аз нооромиҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтидосиро дар Аврупо шоҳид будем. Дар Юнон, пулис ба самти тазоҳуркунандаҳо норинҷаки нурӣ шиллик кард, тазоҳуркунандаҳое, ки Ангело Маркел, садри аъзами Олмонро бо далели дархости вай барои коҳиши  буҷаҳо дар Юнон сабабгори ба зону даромадани ин кишвар медонанд ва дар тули сафари вай ба Юнон талош карданд монеаҳое, ки онҳоро аз наздик шудан ба Маркел боз медошт, бишкананд. Рӯзи сешанби мушаххас шуд нархи бекорӣ дар кишваре, ки ҳаҷми иқтисоди он дар арзи танҳо се сол ба як панҷум расида, 25 фоиз аст. Ҳоло нархи бекории ҷавонон дар Юнон ба 55 фоиз расида ва ҳамин амр танишҳои иҷтимоии шадидеро эҷод кардаву муҷиб шуда, то теъдоди аҳзоби тундрав дар ҷиноҳҳо чапу рост афзоиш ёбад.

Ҳамзамон дар Испания (ки акнун дар остонаи дарёфти воме назири қарзи Юнон қарор дорад), авроқи қарзаи давлатӣ он қадар беарзиш гардид, ки ба коғазпора бадал шудаанд. Дар ҳамин ҳол, як кумитаи Норвегия барои 6 даҳа рушди сулҳ ва ислоҳ, демократия ва ҳуқуқи башар дар Аврупо, ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Иттиҳодияи Аврупо тақдим мекунад.
Ба дурустӣ, ки чуни иқдоме изофӣ ва масхара аст».

Дар идомаи матлуб гуфта мешавад, ин тасаввур, ки Иттиҳодияи Аврупо ба эҷоди сулҳ кӯмак кардааст, танҳо аз ин назар дуруст мебошад, ки ин иттиҳод манофеи Олмон ва Фаронсаро ба ҳам наздиктар карда аст. Аммо бо эҳтироми фаровон ба Иттиҳодияи Аврупо, бояд гуфт воқеият ин аст, ки ин НАТО буда, ки бо ҳазинаҳои газоф барои молиётдиҳандагони амрикоӣ ва аврупоии сулҳро дар 60 соли гузашта дар Аврупо барқарор кард.

Инро бо заъф ва нотавонии шадиди Бруссел (Иттиҳодияи Аврупо) дар баробари ба унвони намуна, куштор ва хунрезии дар Югословия муқоиса кунед.

-Иддаои норвегиҳо (ки ду бор аз пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ карда ва акнун аз шукуфоӣ лаззат мебарад), ки мегӯянд Иттиҳодияи Аврупо қаҳрамони демокртия аст, инсонро аз ханда рудабур мекунад. Ин созмони азимҷуссаи ғайришафоф ва ғайримунтахаб, солҳо орзӯҳои кишварҳои узвро нодидагирифта, то иродаи худро бар ҷамъияти 500 миллионии сокинони Аврупо, таҳмил кунад.

Кумитаи Нобел ҳадди аққал аз душвориҳои шадиди иқтисодӣ ва нооромиҳои иҷтимоии ҳавзаи евро огоҳ аст, аммо меафзояд, ки агар иҷозаи фурупошии ин ҳавза дода шуда буд, эҳтимолан тамоми қитъа дучори ифрот ва тундравӣ мешуд. Аммо ҳақиқати ваҳшатнок, ки табақаи ҳоким аз пазириши он канора мераванд, ин аст ки ин васвос ва якравӣ бар идомаи ҳаёти евро ба шиддат латмаадор аст, ки ифротро муҷиб шуда ва таҳдиде барои сулҳ ба шумор меояд.
Бале, ин ки Иттиҳодияи Аврупо ин ҷойзаро бурда, маъюс кунанда аст.

Аммо ин ки Бруссел ин амрро ташвиқе барои идомаи сиёсатҳои ғайридемократӣ бидонад, ки ин вазъият воқеаи фалокатборро ба вуҷуд оварда, дилсард кунандатар аст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!