Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

Устопириён қаҳрамони ҷаҳон шуд

15 октябр 2012, 09:37

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд, медали тило ба даст овард.

Ин сабқат бо ширкати  варзишгарони 27 кишвар ҷараён гирифт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило миёни ҷавонон мақоми аввалро касб намуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ Аитбек Аибол, паҳлавони қазоқистониро шикаст дод.

Намояндаҳои дигари Тоҷикистон- Қиёмиддин Авазов дар вазни то 52 кило ва Умархон Баҳодуров дар вазни то 65 кило медали биринҷии мусобиқаро ба худ ихтисос доданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!