Бахшҳо

Истеҳсоли намаки йоднок дар Тоҷикистон 30% коҳиш ёфтааст

Агар истеҳсоли намаки йоднок дар Тоҷикистон соли 2009 62%-ро ташкил медод, пас имсол 30% коҳиш ёфтааст. Ин нуктаро Аядил Сапарбеков, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон зимни ҳамоише дар Душанбе иброз дошт.

Ин нишаст бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ва Ташкилоти ҷамъиятии «ОДАМ» созмон ёфт, ки дар он намояндаҳои Вазорати энергетика ва саноат ва агентии «Тоҷикстандарт» низ ширкат доштанд.

 

Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии микронутриентҳо (микроэлементҳо ва витаминҳо) миёни модар ва кӯдакон масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои иштирокчиёни ҳамоиш истеҳсол ва истеъмоли намаки ошии бейод 2-3 маротиба зиёд гардида, баъзан аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар намаки техникиро истифода менамоянд: «Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксар дар борхалтаҳо бо навиштаҷоти «намаки йодкардашуда» намаки бейод мефурӯшанд. Бояд сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати истифодаи намаки йоднок боло бурда шавад, зеро аксар вақт дар маҳалҳо намак тавассути мошинҳои боркаш бо нархи арзон дастрас мешавад»,-афзуд Аъзамҷон Мирзоев.

Аядил Сапарбеков, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон бошад, ба тасвиби қонун «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» дар ҷумҳурӣ таъкид дошт. Номбурда афзуд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда ин қонунро таҳия кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)