Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:51

Дар Душанбе аввалин намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ баргузор мешавад

16 октябр 2012, 04:10

Нахустин намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ 20-уми октябр аз соати 10:00 то 13:00 дар  гулгашти паҳлӯи театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мепазирад.

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои «Ватан» ба Озодагон гуфт, ки ҳадаф аз намоишгоҳи мазкур тақдими тӯҳфаҳои идона ва солинавӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор аст. Номбурда дар мавриди тартиби гузаронидани чорабинии мазкур гуфт: «Дӯстони радиои мо ва ҳар нафари машҳуру шинохта чизе аз молу ашёи сифату арзиши хубдоштаро,  ки  дигар истифода намебарад, ба мо пешниход мекунад. Мо онҳоро дар рӯзи намоиш ба фурӯш бароварда, барои ҳамаи онҳо нархи рамзии аз 3 то 50 сомониро мегузорем. Илова бар ин бо молу ашёи нафарони шинохта ва машҳур (мо умедворем, ҳатман пешниҳод мешавад) музояда баргузор мешавад».

Директори барномаҳои радиои «Ватан» гуфт, маблағи аз ин фурӯш ба даст омада барои тӯҳфаҳои идона ба кӯдакони ятиму бемору бепарастор сарф хоҳад шуд.

Дар ҷараёни ин намоишгоҳ барои кӯдакон бозиҳои саргармкунанда бо ширкати масхарабоз ва қаҳрамонҳои дигари афсонавӣ гузаронида мешаванд.

Намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ бо ташаббуси радиои «Ватан» ва ҳамдастии ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» ва сомонаи Tajikmama роҳандозӣ мегардад. Ёдовар мешавем,радиои «Ватан» имсол Клуби Ихтиёриён (волонтёрҳо)-ро таъсиси дод. Саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва покизагии атроф, кӯмакрасонӣ ба ниёзмандон, ташкили иду ҷашнҳо барои ятимон ва кӯдакони бемор яке аз самтҳои аслии фаъолияти ихтиёриён мебошад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!