Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Бештар аз 24 тонна мухаддирот ба коми оташ рафт. Дар Афғонистон

16 октябр 2012, 04:15

Бештар аз 24 тонна маводи мухаддир дар канораҳои шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба оташ кашида шуд.

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон гуфтааст, ин миқдор маводи нашъадорро давоми 9 моҳи охир дар минтақаҳои наздик ба пойтахти Афғонистон аз гурӯҳҳои ҷиноӣ мусодира кардаанд. Дар ҷараёни амалиётҳои алоқаманд ба маводи мухаддир 907 нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

 

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон, ки дар маросими ба оташ кашидани маводи мухаддир ширкат дошт, ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки аз ҷумлаи маводи нашъадори сӯзонидашуда 1770 килои онро ҳероин ташкил медод, 2760 кило афюн ва 140 килои дигар ҳашиш буд. «Associated Press» истинодан ба қавли Бозмуҳаммад Аҳмадӣ навиштааст, ки мухаддироти сӯзонидашуда мутааллиқ ба ҳамон парвандаҳое мебошанд, ки барои нобуд сохтанашон додгоҳ ҳукми худро содир кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!