Бахшҳо

Президенти Қазоқистон ба Душанбе ташриф меорад

14-уми июн дар Остона мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо сарвари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сурат пазируфт.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президенти кишвар иттилоъ доданд, дар ин нишаст масоили  ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.«Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат президент Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рўи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.Ҷонибҳо қайд карданд, ки Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ  аст.Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳансозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст. Зимнан, президенти Тоҷикистон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба Остона сафар карда, феълан дар Қазоқистон қарор дорад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)