Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Оқил Оқилов: Камбудиҳои хурди техникӣ дар нақби «Шаҳристон» дар кутоҳтарин мӯҳлат бартараф карда шаванд

16 октябр 2012, 11:14

Имрӯз, 16-уми октябр Оқил Оқилов, сарвазири кишвар зимни сафараш ба минтақаи Суғд аз раванди анҷоми корҳои сохтмонии нақби «Шаҳристон» шинос шуд.

Бино ба иттилои Субҳиддин Муҳиддинов, мушовири маркази матбуоти президенти Тоҷикистон Оқил Оқилов аз рафти корҳо дар ин нақб изҳори розигӣ намуда, супориш додааст, ки дар мӯҳлати кутоҳтарин камбудиҳои хурди техникии мавҷуда дар ин нақб бартараф карда шаванд: «Сарвазири кишвар ҳамчунин аз қисматҳои алоҳидаи таъмири роҳи Айни-Панҷакент дидан намуд».  Тибқи иттилои расмӣ дар назар аст нақби «Шаҳристон» рӯзҳои наздик  бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёбад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!